Савол № 00259
Ба Шумо оид ба бенамозии либос савол дода будам. Аммо мегӯянд, ки “дар зарурат раво бувад...”, аз ҳоли нахондан ба сабаби бенамозии либос, хондани намоз барои қазо нашуданаш беҳтар нест?
Савол:
Салом, домуллои муҳтарам. Ба Шумо оид ба бенамозии либос савол дода будам. Аммо мегӯянд, ки “дар зарурат раво бувад...”, аз ҳоли нахондан ба сабаби бенамозии либос, хондани намоз барои қазо нашуданаш беҳтар нест? Узр. Ташаккури зиёд.
Саволдиҳанда:Карим
Ҷавоб:
Гузоридани намоз бо либоси бенамоз (нопок) дуруст аст, агар дуркунандаи наҷосат (яъне об ё моеъ) мавҷуд набошад. Аз он ки намозро қазо мекунад, бо ҳамон либоси олуда намозро адо намудан беҳтар, балки лозимтар аст.