Савол № 02598
Оё намозҳои қазошудаи модарамро, ки аз дунё гузаштанд, метавонам бихонам ё ба ҷои модарам рўза бигирам? Оё зиёрати ҳаҷ ба номи модарам бояд махфӣ сурат бигирад?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё намозҳои қазошудаи модарамро, ки аз дунё гузаштанд, метавонам бихонам ё ба ҷои модарам рўза бигирам? Оё зиёрати ҳаҷ ба номи модарам бояд махфӣ сурат бигирад?
Саволдиҳанда:Фирдавс
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи ҳанафӣ ба ҷои каси дигар намоз гузоридан ё рўза доштан раво нест, вале савоби намозу рўзаи нафли худро ба ў бахшидан равост. Ба ҷои шахси фавтида ё бемор ҳаҷҷи бадал кардан дуруст аст ва махфӣ анҷом додани он шарт нест.