Савол № 00026

Оё таманно ва орзу кардани марг аз нигоҳи шариат дуруст аст?

Савол:

Оё таманно ва орзу кардани марг аз нигоҳи шариат дуруст аст? Агар касе маргро орзу кунад гунаҳгор мешавад?

Саволдиҳанда:Некрӯз

Ҷавоб:

Маргро таманно кардан аз нигоҳи шариат дуруст нест, зеро банда дар зиндагии худ бояд машѓули ибодат шавад. Расули Худо (с) омода шудан ба маргро тавсия намуда, аз орзу кардани марг боздоштаанд. Дар ҳадис омадааст:


 « استعد للموت قبل نزول الموت ».  (رواه الطبراني).

«Қабл аз фаро расидани марг барои он омода шав».
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд:

« لا يَتَمَنَّ  أحَدُكُمُ المَوْتَ ، إمَّا مُحْسِناً فَلَعَلَّهُ يَزْدَادُ ، وَإمَّا مُسِيئاً فَلَعَلَّهُ يَسْتَعْتِبُ ». (متفقٌ عَلَيْهِ).

«Ҳеҷ як аз шумо маргро орзу накунад, зеро агар некӯкор бошад, шояд некиҳояш афзуда гардад ва агар бадкирдор бошад, шояд тавба кунад».
(Муттафақун алайҳ). 

2015-02-10
4471
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43