Савол № 02602
Мегўянд, ки баъд аз намози бомдод хобидан дуруст нест. Ман соати 04:30 намози бомдодро мегузорам ва то вақти ба кор рафтан мехобам. Оё ин амали ман дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Мегўянд, ки баъд аз намози бомдод хобидан дуруст нест. Ман соати 04:30 намози бомдодро мегузорам ва то вақти ба кор рафтан мехобам. Оё ин амали ман дуруст аст?
Саволдиҳанда: Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, хобидан пас аз намози бомдод макрўҳи танзеҳӣ аст, яъне анҷом надодани он беҳтар аст. Суннат он аст, ки пас аз адои намоз то тулуъи офтоб ба зикр ё тиловати Қуръон машғул шавад, пас аз тулуъи офтоб метавонад бихобад.