Савол № 02609

Зану шавҳар давоми понздаҳ сол фарзанддор нашуданд ва дар байни онҳо эҳтиром вуҷуд надорад. Зан чандин бор “ҷавоби маро деҳ” мегўяд, аммо шавҳар рад мекунад. Ин зан бояд чӣ кор кунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Зану шавҳар давоми понздаҳ сол фарзанддор нашуданд ва дар байни онҳо эҳтиром вуҷуд надорад. Зан чандин бор “ҷавоби маро деҳ” мегўяд, аммо шавҳар рад мекунад. Ин зан бояд чӣ кор кунад? Дар ҳаққи ин зан дуо кунед, ки Худованд гуноҳҳояшро бубахшад,

Саволдиҳанда:Оиша

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, фарзанд атои Худованд аст, ба ҳар касе бихоҳад ва ҳар гоҳе бихоҳад, ин неъматро арзонӣ мефармояд. Агар шумо бо шавҳаратон аз ташхиси тиббӣ гузашта бошед ва табиб муайян карда бошад, ки шавҳаратон ақим ва нозо аст, дар ин сурат шумо ҳаққи ҷудо шудан аз шавҳаратонро доред. Дар акси ҳол ихтиёр ба дасти шумо аст, ки метавонед бо шавҳаратон зиндагӣ кунед ва ё аз ў ҷудо шавед. Ба ҳар ҳол шумо ноумед набошед, дар намозҳоятон дуо кунед, ба афроди мискину ниёзманд хайру садақа диҳед ва аз онҳо дуо бихоҳед,  умед аст, ки Худованд шуморо ба мақсадатон мерасонад.

2021-12-02
1770
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39