Савол № 02610

Девори ҳавлии байни ду ҳамсоя 40 метр аст. Яке аз онҳо 20 метри ҳаққи худашро девор гирифтааст. Ҳамсояи дувум се тарафи ҳавлии худро девор гирифта, тарафи ҳамсояи якумро девор накардааст. Агар ҳамсояи якум аз ҳисоби пасандозҳои ҷамъкардааш ба ин ҳамсояи дувум барои гирифтани девори байни хонаҳояшон закоти молашро диҳад, дуруст аст ё на? Дар ин ҳолат закоташ адо мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Девори ҳавлии байни ду ҳамсоя 40 метр аст. Яке аз онҳо 20 метри ҳаққи худашро девор гирифтааст. Ҳамсояи дувум се тарафи ҳавлии худро девор гирифта, тарафи ҳамсояи якумро девор накардааст. Агар ҳамсояи якум аз ҳисоби пасандозҳои ҷамъкардааш ба ин ҳамсояи дувум барои гирифтани девори байни хонаҳояшон закоти молашро диҳад, дуруст аст ё на? Дар ин ҳолат закоташ адо мешавад?

Саволдиҳанда:Нисо

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар ин ҳолат закот адо намеёбад, зеро нафъи маблағи закот ба худи закотдиҳанда бармегардад, яъне ки як тарафи ҳавлияш бо он ҳамсоя аз ҳисоби маблағи закот маҳкам мешавад.

2021-12-02
1853
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42