Савол № 02621
Дар рўзи ҷумъа гуфтани ибораи “ҷумъа муборак” дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Дар рўзи ҷумъа гуфтани ибораи “ҷумъа муборак” дуруст аст?
Саволдиҳанда:Саидалӣ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар рўзи ҷумъа табрик кардани касе аз нигоҳи шариат амри мубоҳ аст ва монеъе надорад, чунки он маънои дуоро дорад, аслан рўзи ҷумъа муборак аст ва хуб аст, ки гўяд бо баракат бошад.
2021-12-08
2091