Савол № 02641

Муддати сездаҳ сол аст, ки шавҳарам бо ман хонадорӣ намекунад ва боз мегўяд, ки тоқат кун, зан бояд сабр кунад. Аз нигоҳи шариат ин чӣ ҳукм дорад?

Савол:

Ассалому алайкум. Муддати сездаҳ сол аст, ки шавҳарам бо ман хонадорӣ намекунад ва боз мегўяд, ки тоқат кун, зан бояд сабр кунад. Аз нигоҳи шариат ин чӣ ҳукм дорад?

Саволдиҳанда:Тоҷинисо

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, аз нигоҳи шариат зан болои шавҳараш ҳуқуқи зиёде дорад, аз ҷумла муоширати ҷинсӣ ва баровардани ниёзҳои ғаризию майлҳои фитрии зан низ яке аз талаботи никоҳ мебошад. Агар дар шавҳар норасоии ҷинсӣ вуҷуд дошта бошад, бояд худро табобат кунад, то ин мушкил рафъ гардад ва фазои ҳусни тафоҳум дар оилаи шумо пойдор гардад.

2022-02-15
1677
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:28
Пешин12:40
Аср17:44
Шом19:47
Хуфтан21:17