Савол № 02642

Ҳангоме ки зан исқоти ҳамл мекунад ё ҳамлаш меафтад, дар ин сурат барои ҳамхоба шудан бояд идда бинад ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҳангоме ки зан исқоти ҳамл мекунад ё ҳамлаш меафтад, дар ин сурат барои ҳамхоба шудан бояд идда бинад ё на?

Саволдиҳанда:Шералӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, баъд аз исқоти ҳамл ё афтодани ҷанин зан дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рў, то гузаштани муддати нифосаш ҳамхоба шудан бо ў мамнуъ аст.

2022-02-15
1859
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:11
Пешин12:40
Аср17:15
Шом19:14
Хуфтан20:44