Савол № 02649
Се рўз пеш бо шавҳарам сахт ҷанҷол кардем. Дар ин ҳолат шавҳарам ду бор гуфт, ки “ман талоқатро додам”. То ҳол якҷоя зиндагӣ дорем, ҷудо шудан намехоҳем. Оё мо бояд аз сар никоҳ кунем?
Савол:
Ассалому алайкум. Се рўз пеш бо шавҳарам сахт ҷанҷол кардем. Дар ин ҳолат шавҳарам ду бор гуфт, ки “ман талоқатро додам”. То ҳол якҷоя зиндагӣ дорем, ҷудо шудан намехоҳем. Оё мо бояд аз сар никоҳ кунем?
Саволдиҳанда:Фарида
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар ин сурати масъала агар қаблан байни шумо талоқе воқеъ нашуда бошад, як бори дигар ҳаққи никоҳ доред ва ин охирин имтиёзи шумо аст.