Савол № 02658

Ассалому алайкум. Мо аз заминҳои худ андоз месупорем, оё он аз ушр ҳисоб мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Мо аз заминҳои худ андоз месупорем, оё он аз ушр ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда:Саид

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ушр ҳаққи фақирон аст ва бо пардохти андоз соқит намешавад. Агар замини шумо аз оби борон баҳра гирад ва ё бо оби ҷорӣ обёрӣ шавад, дар он ушр (аз даҳ як ҳисса) воҷиб мешавад. Аммо агар аз оби чоҳ ва ё аз тариқи дигар обёрӣ шавад, пас дар он нисфи ушр (аз бист як ҳисса) воҷиб мегардад.

2022-03-25
1663
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе

05.04.2025

11:30:45

Муфассалтар
Бомдод04:31
Пешин12:40
Аср17:03
Шом19:02
Хуфтан20:32