Савол № 02665

Дар моҳи Рамазон истифодаи мисвок ё шоткаи дандоншўӣ бе хамираи он мумкин аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар моҳи Рамазон истифодаи мисвок ё шоткаи дандоншўӣ бе хамираи он мумкин аст ё на?

Саволдиҳанда:Мансур

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ҳолати рўза тоза кардани дандон бо мисвоки табиъӣ ҷоиз аст ва ба рўза нуқсоне ворид намекунад, агарчи талхии он маълум шавад, вале оби онро фурў набарад. Шустани дандон бо мисвоки маснуъӣ (шотка) бидуни хамираи он ҷоиз аст, аммо бо хамира макрўҳ аст, агар аз хамираи он чизе ба ҳалқ фурў равад, рўза фосид ва қазо лозим мешавад.

2022-04-15
1368
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42