Савол № 00267
Бародар, саволам чунин аст: Агар бигӯӣ, ки ин ҳайвон (гов) калон шавад, дар роҳи ризои Худованд онро хайр мекунам. Акнун он гов калон шуд ва мо аз пеш иншоаллоҳ тӯй дорем. Ҳамон говро дар тӯй бикушем, оё ҳамон ваъдаи гуфтаам, ки дар роҳи Худо хайраш мекунам, адо мешавад ё не?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародар, саволам чунин аст: Агар бигӯӣ, ки ин ҳайвон (гов) калон шавад, дар роҳи ризои Худованд онро хайр мекунам. Акнун он гов калон шуд ва мо аз пеш иншоаллоҳ тӯй дорем. Ҳамон говро дар тӯй бикушем, оё ҳамон ваъдаи гуфтаам, ки дар роҳи Худо хайраш мекунам, адо мешавад ё не? Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳ.
Саволдиҳанда:Муҳаммад.
Ҷавоб:
Ин гуфтаи шумо агар назр бошад, яъне бо забҳ кардани он гов дар тӯйатон назри шумо адо намегардад, зеро назр шартҳои хосси худро дорад, аммо фақат садақа бошад ҷоиз аст.