Савол № 02670
Оё дар ҳолати рўза ғарғара кардани даҳон ҷоиз аст?
Савол:
Оё дар ҳолати рўза ғарғара кардани даҳон ҷоиз аст?
Рустам Фарҳод
Ҷавоб:
Дар ҳолати рўза об гардонидани даҳону бинӣ ҷоиз аст, аммо ғарғара кардан ҷоиз нест, чунки бими фурў рафтани об дар ҳалқ вуҷуд дорад. Бинобар ин эҳтиёт бояд кард, то об дар ҳалқ дохил нашавад. Дар китоби «Ал-Фиқҳул-исломийю ва адиллатуҳу», ҷ. 3, с. 1710 -11 дар мавриди чизҳое, ки рўзаро намешикананд, меорад: «Шашум: Мазмаза ва истиншоқ, агарчи дар ғайри вузў кунад, лекин дар вақти шустани даҳону бинӣ муболиға намекунад, то ки об дохили бадан нашавад».