Савол № 02679
Агар касе бо “се талоқ” қасам хўрад, пас аз он се рўз рўза дорад, оё он се талоқ бартараф мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум. Агар касе бо “се талоқ” қасам хўрад, пас аз он се рўз рўза дорад, оё он се талоқ бартараф мешавад?
Саволдиҳанда:Шабнам
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, агар касе бо “се талоқ” қасам хўрад, ки фалон корро намекунам, вале он корро анҷом дод, се талоқ воқеъ мешавад ва бо рўза доштан бартараф намешавад, зеро масъалаи каффорати рўза аз талоқ фарқ дорад.