Савол № 02685
Сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” оғоз мешавад, дар вақти хондани он “Бисмиллоҳ” гуфтан мумкин аст ё на?
Савол:
Сураи “Тавба” бе “Бисмиллоҳ” оғоз мешавад, дар вақти хондани он “Бисмиллоҳ” гуфтан мумкин аст ё на?
Саволдиҳанда:Абдуқаҳҳор
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар вақти тиловати Қуръон чун аз хондани сураи “Анфол” фориғ шавед, бе гуфтани “Бисмиллоҳ” сураи “Тавба”-ро бихонед. Агар тиловатро аз хондани сураи “Тавба” шуруъ кардан хоҳед, дар ин ҳолат бо гуфтани “Аъўзу биллоҳи минаш-шайтонир-раҷим” иктифо намуда тиловатро оғоз кунед.