Савол № 02692

Оё дар ҳолати рўза мисвок кардан мумкин аст? Дар аснои мисвок аз дандон хун ҷорӣ шавад, рўза мешиканад?

Савол:

Оё дар ҳолати рўза мисвок кардан мумкин аст? Дар аснои мисвок аз дандон хун ҷорӣ шавад, рўза мешиканад?

Саволдиҳанда:Равшан 

Ҷавоб:

Истифодаи мисвок дар ҳолати рўза ҷоиз аст. Дар китоби «Хулосату-л-масоил», ҷ.1, с. 125 меорад: «Мисвок кардан бо мисвоки табиъӣ ҷоиз аст, агарчи талхии он маълум шавад». Агар аз дандон, бинӣ ё ягон ҷойи бадан хун ҷорӣ шавад, рўза фосид намешавад, аммо вузў мешиканад. Дар китоби «Хулосату-л-масоил», ҷ.1, с. 125  меорад: «Агар даҳон хун шуд ва онро бо оби даҳон фурў бурд, агар хун ғолиб аст ва мазаи онро маълум кард, рўза фосид аст ва бояд қазоӣ ба ҷо оварад ва агар хун ғолиб набувад ва мазаи онро маълум накард, рўза фосид намешавад».

2022-04-21
1539
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42