Савол № 00270
Мегӯянд, ки ҳар як қатраи боронро фаришта меорад, оё ин сухан рост аст? Боз мегӯянд, ки “пири оҳан мезанад”, оё ин сухан ҳам рост аст?
Савол:
Ассалому алайкум, домуллои муҳтарам. Ман ду суол доштам. Мегӯянд, ки ҳар як қатраи боронро фаришта меорад, оё ин сухан рост аст? Боз мегӯянд, ки “пири оҳан мезанад”, оё ин сухан ҳам рост аст?
Ҷавоб:
Ҳазрати Микоил (а) муаккали борон ва масъули расонидани рӯзӣ ба махлуқот аст. Коркарди оҳан аз ҷумлаи муъҷизаҳои ҳазрати Довуд (а) аст, чунонки бузурге фармудааст:
“Бар кафи Довуд оҳан мум кард”, аммо дар натиҷаи гуноҳ инсонро Худо мезанад, на пири оҳан.