Савол № 02704
Марде ба занаш гўяд, ки “ҳар шаш моҳ пас хонаи очат меравӣ, агар рафтӣ, як талоқ”, вале зан пеш аз тамом шудани шаш меравад, пас аз ин никоҳ мекунанд. Оё бо ҳамин қасами мард аз байн меравад? Агар зан бори дуюм пеш аз шаш моҳ ба хонаи модараш равад, боз талоқ мешавад?
Савол:
Ассалому алайкум. Марде ба занаш гўяд, ки “ҳар шаш моҳ пас хонаи очат меравӣ, агар рафтӣ, як талоқ”, вале зан пеш аз тамом шудани шаш меравад, пас аз ин никоҳ мекунанд. Оё бо ҳамин қасами мард аз байн меравад? Агар зан бори дуюм пеш аз шаш моҳ ба хонаи модараш равад, боз талоқ мешавад? Ташаккур.
Саволдиҳанда:Абдуллоҳ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин масъала агар зан пеш аз комил шудани шаш моҳ бори дигар ба хонаи модараш равад, боз як талоқ мешавад.