Савол № 02706

Ҷавони навзан пас аз ҳамхоба шудан бо ҳамсараш ғусл мекунад. Оё ин ғусл то чанд рўз басанда аст ё ин ки пас аз ҳамхоба шудан бо ҳамсар ҳама вақт ғусл кардан лозим аст? Агар таҳорат кунад, дуруст аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Ҷавони навзан пас аз ҳамхоба шудан бо ҳамсараш ғусл мекунад. Оё ин ғусл то чанд рўз басанда аст ё ин ки пас аз ҳамхоба шудан бо ҳамсар ҳама вақт ғусл кардан лозим аст? Агар таҳорат кунад, дуруст аст ё на?

Саволдиҳанда:Абдуғаффор

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ғусл яке аз фароизи мусулмонӣ аст ва ҳар як фарди мусулмон бояд равиши шаръии онро бидонад. Пас аз ҳамхоба шудан бар марду зан ғусл воҷиб мешавад. Агар пас аз ин байни онҳо боз ҳамхобагӣ сурат гирад, бори дигар ғусл бар онҳо ғусл воҷиб мегардад. Пас аз ҳамхоба шудан таҳорати бидуни ғусл кофӣ нест.

2022-04-26
2389
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42