Савол № 02709

Зиндагии ман бо ҳамсарам ду бор вайрон шуда боз никоҳ карда будем. Аммо боз аҳмақӣ карда, худам шарт гузоштам, ки “агар фалон корро кунам, занам бар ман талоқ”. Ду фарзанд дорам. Алҳол шартро нашикастаам, лекин шояд ягон рўз онро шиканам. Оё метавонам, ки шарти гузоштаамро ба воситаи ягон садақа ё кори хайр бекор кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Зиндагии ман бо ҳамсарам ду бор вайрон шуда боз никоҳ карда будем. Аммо боз аҳмақӣ карда, худам шарт гузоштам, ки “агар фалон корро кунам, занам бар ман талоқ”. Ду  фарзанд дорам. Алҳол шартро нашикастаам, лекин шояд ягон рўз онро шиканам. Оё метавонам, ки шарти гузоштаамро ба воситаи ягон садақа ё кори хайр бекор кунам?

Саволдиҳанда:Муҳаммад

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин масъала додани садақа ё анҷоми ягон кори хайр шартро бекор намекунад.  Ин охирин имтиёзе ҳаст, ки шумо дар даст доред, кўшиш кунед, ки он амалро анҷом надиҳед ва шарти мондаатонро нашиканед. Агар шарти гузоштаатонро шиканед, ҳамсаратон талоқ шуда ҳамаи имтиёзҳои шумо тамом мешавад.

2022-04-26
1630
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39