Савол № 02712

Бо кадом роҳ аз сеҳру ҷоду халос шудан мумкин аст, то ки дигар таъсир накунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Бо кадом роҳ аз сеҳру ҷоду халос шудан мумкин аст, то ки дигар таъсир накунад?

Саволдиҳанда:Фарҳод

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои муолиҷаи шахси ҷодушуда ва эмин мондан аз таъсири он сураҳои зайл хонда мешавад: Сураи “Фотиҳа”, “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Ёсин”, “Ториқ”, “Шарҳ”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”. Инчунин, бо сидқу ихлоси комил нўшидани оби Замзам сабаби раҳоӣ ва эмин мондан аз ҳар навъ сеҳру ҷоду аст.

2022-04-27
1763
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:38
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40