Савол № 02728
Азони намози бомдод чанд дақиқа пеш гуфта мешавад?
Савол:
Азони намози бомдод чанд дақиқа пеш гуфта мешавад?
Саволдиҳанда:Алиакбар
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, азон додан барои намозҳои фарз суннат аст ва пас аз даромадани вақт гуфта мешавад. Қабл аз даромадани вақт гуфтани азон дуруст нест. Намози бомдод ҳам пас аз дамидани субҳи содиқ гуфта мешавад. Барои огоҳии бештар шумо ба бахши “Вақтҳои намоз”-и сомонаи Марказ исломӣ муроҷиат кунед.