Савол № 02730

Дар мусофират ҳангоми қаср хондани намози фарз оё намози суннат хонда мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар мусофират ҳангоми қаср хондани намози фарз оё намози суннат хонда мешавад?

Саволдиҳанда:Рустам

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар сафари таъҷилӣ ва фаврӣ бошад, фақат намози фарзро мегузоред, агар сафари осуда ва бидуни шитоб бошад, намози суннатро низ мегузоред.

2022-06-15
3858
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:06
Пешин12:40
Аср16:01
Шом17:55
Хуфтан19:25