Савол № 02742
Агар зан ба суханони шавҳараш амал накунад, балки сухани падарашро иҷро кунад, дар дини Ислом чӣ ҳукм дорад?
Савол:
Агар зан ба суханони шавҳараш амал накунад, балки сухани падарашро иҷро кунад, дар дини Ислом чӣ ҳукм дорад?
Саволдиҳанда:Оиша
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, итоати ҳамсар аз шавҳараш амри воҷиб аст, модоме ки дар он маъсият набошад. Агар ҳамсар ҳуқуқи шавҳарашро риоя накунад ва ба суханону дастуроти ў амал накунад, албатта гунаҳгор мешавад. Ҳар як нафар қабл аз издивоҷ бояд қонун ва одоби муоширати занушавҳариро биёмўзад ва онро дар зиндагии худ татбиқ кунад, дар ин сурат зиндагии гуворо ва саодатмандонаро ба даст меорад.