Савол № 02758

Писари шашмоҳаам фавтид. Оё модар метавонад ба зиёрати фарзандаш ба қабристон равад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Писари шашмоҳаам фавтид. Оё модар метавонад ба зиёрати фарзандаш ба қабристон равад?

Саволдиҳанда:Илмия

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, аз дидгоҳи мазҳаби ҳанафӣ рафтани занҳо ба қабристон ҷоиз аст, фақат бо риояи шароит, яъне ҳангоми ба қабристон рафтан аввалан аз шавҳараш иҷозат гирад, сатри шаръиро риоя карда, аз нолаву фиғону мўй кандан худдорӣ кунад. Албатта дар он ҷо фотиҳа хондан барои аҳли қабристон боиси аҷру савоб аст.

2022-08-01
2318
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43