Савол № 00276

Далели имтиҳон шудани инсон дар қабр ва роҳату азоби он чист?

Савол:

Далели имтиҳон шудани инсон дар қабр ва роҳату азоби он чист?

Ҷавоб:

Худованд мефармояд: “Ва Худо мӯъминонро дар зиндагонии дунё ва дар охират ба сухани дуруст устувор медорад.... (“Иброҳим”; 27).

“Пагоҳу шом бар оташ ҳозир карда мешаванд. Ва рӯзе, ки қиёмат қоим шавад, (гӯем:) «Хешони Фиръавнро дар сахттарин азоб дароред!». (“Ғофир”; 45)

«Ва пеши онҳо то рӯзе, ки барангехта шаванд, барзахе бошад». (“Муъминун”; 100)

«Ва агар бинигарӣ, вақте ки золимон дар шадоиди марг бошанд; ва фариштагон дасти худро дароз мекунанд, (мегӯянд): «Ҷонҳои худро берун оред, имрӯз ба сабаби он, ки бар Худо ноҳақ мегуфтед ва аз (тасдиқи) оёти ӯ саркашӣ мекардед, бо азоби расвокунанда ҷазо дода хоҳед шуд». (“Анъом”; 93)

«Мо онҳоро медонем; ва онҳоро ду бор азоб хоҳем кард. Сипас, ба сӯи азоби бузург гардонида мешаванд». (“Тавба”; 101)

Ҳамчунин дар ин масъала ҳадисҳои саҳеҳ ба ҳадди тавотур расидааст, аз ҷумла: Ҳазрати Оиша (р) мефармояд: “Ҳар гоҳ ки Расули Худо (с) намоз мегузориданд, аз азоби қабр паноҳ мехостанд”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Дар ҳадиси дигаре омадааст, ки Расули Худо (с) асҳобро фармуданд, то аз азоби қабр паноҳ хоҳанд.

2016-01-25
4054
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43