Савол № 02763
Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегўяд ва бисёр пушаймон мешавад. Касе ба ў гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Марде ба ҳамсари ҳомилааш “се талоқ” мегўяд ва бисёр пушаймон мешавад. Касе ба ў гуфтааст, ки агар занаш писардор шавад, талоқ ҳисоб намешавад, агар духтардор шавад, як талоқ мешавад. Ҳукми ин масъала чӣ гуна аст?
Саволдиҳанда:Зеваршо
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҳомила будани зан ба талоқ ҳеҷ рабте надорад, агар мард ин лафзро гуфта бошад, албатта талоқ воқеъ мегардад, хоҳ ҳамсараш писар таваллуд кунад ё духтар. Бар ҳар ҳол, шумо барои посухи дуруст гирифтан ба Раёсати фатво муроҷиат кунед, зеро масъалаи талоқ шарҳу тафсил мехоҳад.