Савол № 02767

1. Таваккул аз таваккал чӣ фарқ дорад? 2. Дар вақти зикр кардан “таваккулту ъалаллоҳ” гуфтан дуруст аст ё “таваккалту ъалаллоҳ”? Худованд аз мову Шумо розӣ бошад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Таваккул аз таваккал чӣ фарқ дорад? 2. Дар вақти зикр кардан “таваккулту ъалаллоҳ” гуфтан дуруст аст ё “таваккалту ъалаллоҳ”? Худованд аз мову Шумо розӣ бошад.

Саволдиҳанда:Меъроҷ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, шакли дурусти ин калима “таваккул” аст ва он масдар аст ба маънои такя кардан, эътимод намудан ва кори худ ба Худо вогузоштан, вале дар забони гуфтугўи мардум ба шакли “таваккал” ба кор бурда мешавад. (Ғиёс-ул-луғот, ҷ. 1, с. 215; Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ. 2, с. 297) 2. Дар вақти зикр кардан “таваккулту ъалаллоҳ” гуфтан дуруст нест, балки “таваккалту ъалаллоҳ” бояд гуфт.

2022-11-24
1447
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43