Савол № 02780

Оё зани талоқшуда идда дорад ва муддати он чӣ қадар аст?

Савол:

Оё зани талоқшуда идда дорад ва муддати он чӣ қадар аст?

Саволдиҳанда:

Ҷавоб:

Агар зане аз шавҳараш лафзи “талоқ” шунавад ё лафзе, ки ба талоқ далолат кунад ва пас аз пурсидани аҳли илм донад, ки дар ҳақиқат талоқ воқеъ шудааст, аз ҳамин замон муддати иддаи ў оғоз мешавад. Муддати идда ба ҳолати занон вобаста аст. Агар зан ҳайзбин бошад, иддааш пас аз талоқ се ҳайзи комил аст. Агар зани ҳомила бошад, пас аз таваллуд иддааш тамом мешавад. Агар зане бошад, ки аз сабаби хурдсолӣ ё калонсолӣ ва ё беморӣ ҳайз намебинад, иддааш се моҳ аст.

2022-12-27
1185
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42