Савол № 02798

Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо каси дигаре ба ў иқтидо кунад ва танҳогузор бо дидани ин шахс такбирро баланд гуфта намозро ба сурати ҷамоат гузорад...

Савол:

Ассалому алайкум. Дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо каси дигаре ба ў иқтидо кунад ва танҳогузор бо дидани ин шахс такбирро баланд гуфта намозро ба сурати ҷамоат гузорад, оё ин намози онҳо ҳамчун намози ҷамоат ҳисоб мешавад ва дар он кароҳате пайдо намешавад? Оё дар ин ҳолат тартиби намоз риоя мешавад, агар шахси танҳогузор як ё ду ракъатро танҳо гузорида бошад?

Саволдиҳанда:Ҷамшед

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар аснои гузоридани намози фарз ба сурати танҳо иқтидо кардани шахси дигаре ба ў дуруст аст ва ҳеҷ кароҳате надорад, агарчи танҳогузор бештари намозро гузорида бошад. Дар ин ҳолат шахси аввал такбирҳоро бо садои баланд мегўяд ва агар намози ҷаҳрӣ бошад, дар ракъати якуму дуюм бо садои баланд қироат мекунад, на дар сеюму чорум. Пас аз саломи имом муқтадӣ чанд ракъатеро, ки дарнаёфта бошад, бархоста мегузорад. Ба ин тартиб ҳар ду савоби намози ҷамоатро ҳосил мекунанд.

2023-04-04
868
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42