Савол № 00028
Оё баъд аз ғусли ҷанобат намоз хондан мумкин аст?
Савол:
Муҳтарам кормандони Раёсати фатво! Оё баъд аз ғусли ҷанобат намоз хондан мумкин аст? Ё ки барои намоз такроран таҳорат кардан лозим аст?
Саволдиҳанда:Абумуслим
Ҷавоб:
Касе барои покӣ аз ҷанобат ғусл мекунад, пок мегардад ва ба он намоз хонда метавонад, такроран таҳорат кардани ӯ зарур нест. Дар ҳадиси шариф аз Оиша (р) ривоят аст, ки фармуданд:
أنَّ النَّبِيَّ صلى الله عليه وسلم كَانَ إذَا اغْتَسَلَ مِنَ الجَنَابَةِ، بَدَأ فَغَسَلَ يَدَيْهِ، ثُمَّ يَتَوَضَّأُ كَمَا يَتَوَضَّأ لِلصَّلاةِ، ثُمَّ يُدْخِلُ أصَابِعَهُ فِي المَاءِ، فَيُخَلِّلُ بِهَا أصُولَ شَعَرِهِ، ثُمَّ يَصُبُّ عَلَى رَأْسِهِ ثَلاثَ غُرَفٍ بِيَدَيْهِ، ثُمَّ يُفِيضُ المَاءَ عَلَى جِلْدِهِ كُلِّهِ.
“Ҳазрати Пайғамбар (с) ҳар гоҳе аз ҷанобат ғусл мекарданд, аввал дастҳояшонро шуста, баъд аз он мисли таҳорати намоз таҳорат мекарданд, сипас дасти худро тар карда, бехи мӯйҳояшро хилол мекарданд, пас аз он се бор обро бар сари худ рехта, онро ба тамоми баданаш ҷорӣ мекарданд».
(Муттафақун алайҳ).