Савол № 02804

Оё дар моҳи Раҷаб рўза гирифтан ҷоиз аст? Дар Ислом 12 моҳи қамарӣ кадом аст?

Савол:

Оё дар моҳи Раҷаб рўза гирифтан ҷоиз аст? Дар Ислом 12 моҳи қамарӣ кадом аст?

Саволдиҳанда:Муҳаммад

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар моҳи Раҷаб рўза гирифтан чоиз аст. Ин моҳест, ки дар он Расули акрам (с) ба Исро ва Меъроҷ рафта буданд ва дар ин шаб барои мусулмонон намоз фарз шуд. Дар ин моҳ шахси мусулмон бояд барои моҳи мубораки Рамазон омода шавад, рўза дорад ва аз тамоми амалҳои нописанд иҷтиноб варзад. Моҳҳои ҳичрии қамарӣ инҳоянд: Муҳаррам, Сафар, Рабеъул-аввал, Рабеъул-охар, Ҷумодал-уло, Ҷумодал-ухро, Раҷаб, Шаъбон, Рамазон, Шаввол, Зулқаъда, Зулҳиҷҷа.

2023-04-04
1011
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42