Савол № 02805

Оё ба фарзанд гузоштани номи Парвиз дуруст аст?

Савол:

Оё ба фарзанд гузоштани номи Парвиз дуруст аст?

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, парвиз ба забони паҳлавӣ моҳиро мегўянд ва ба маънои азиз ва арҷманд низ маънидод шудааст. Ҳамчунин маънои дигари он ғирболе аст, ки бо он шакар мебезанд. (“Ғиёс-ул-луғот”, ҷ.1, с.162). Хулосаи калом, Парвиз номи қадимаи тоҷикӣ аст ва маънои он ба усули шариат мухолиф нест, бинобар ин, гузоштани он ба фарзанд ҷоиз аст.

2023-04-04
1034
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42