Савол № 02809

1. Оё пеш аз муҳлат додани закот ҷоиз аст? 2. Аз хонаҳое, ки дар сохтмонҳои баландошёна ҳастанд, аммо таъмир надоранд, закот дода мешавад ё ин ки баъд аз фурўхтан аз маблағи умумӣ ҳисоб мешавад? 3. Дар закот ба ҷои маблағ мошин додан ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Оё пеш аз муҳлат додани закот ҷоиз аст? 2. Аз хонаҳое, ки дар сохтмонҳои баландошёна ҳастанд, аммо таъмир надоранд, закот дода мешавад ё ин ки баъд аз фурўхтан аз маблағи умумӣ ҳисоб мешавад? 3. Дар закот ба ҷои маблағ мошин додан ҷоиз аст? 4. Орду равған, қанду биринҷ ва дигар маҳсулотро харида ба чанд оилаи ниёзманд тақсим кардан дар пардохти закот ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда:Соҳибназар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, пеш аз муҳлат пардохт намудани закот ҷоиз аст. 2. Агар ин хонаҳо ба нияти тиҷорат сохта шуда бошанд, агарчи таъмир ҳам надоранд, дар онҳо закот воҷиб мешавад. 3. Ба ҷои маблағ (сомонӣ ё дигар намуди асъор) додани мошин дуруст аст. 4. Дар пардохти закот додани маҳсулоти ғизоӣ дуруст ва балки беҳтар аст, зеро мардуми ниёзманд бештар ба маводди ғизоӣ эҳтиёҷ доранд.

2023-04-11
975
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42