Савол № 00284
Дар байни намозҳои фарз ва суннати вақт гап задан ё чизеро хӯрдан ё нӯшидан мумкин аст?
Савол:
Дар байни намозҳои фарз ва суннати вақт гап задан ё чизеро хӯрдан ё нӯшидан мумкин аст?
Саволдиҳанда:Иброҳим
Ҷавоб:
Дар бораи гап задан дар байни намозҳои фарз ва суннати вақт ақидаҳои гуногун мавҷуданд. Аз дидгоҳи олимони мазҳаби ҳанафӣ дар байни намозҳои фарз ва суннати вақт анҷом додани амалҳои беҳудаи берун аз намоз ба мисли сухан гуфтан ё чизеро хӯрдан ё нӯшидан макрӯҳ аст. Чунин корҳо савоби намозро коҳиш медиҳад.