Савол № 02848

1. Тарзи нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст? 2. Агар мард дар хона танҳо намоз гузорад, азон мегўяд? 3. Дар ҳолати рўзадор будан ғусл кардан мумкин аст? 4. Намози таҳаҷҷуд чигуна гузорида мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Тарзи нияти ду ракъат намозе, ки барои ҳаққи масҷид хонда мешавад, чигуна аст? 2. Агар мард дар хона танҳо намоз гузорад, азон мегўяд? 3. Дар ҳолати рўзадор будан ғусл кардан мумкин аст? 4. Намози таҳаҷҷуд чигуна гузорида мешавад?

Саволдиҳанда: Муҳсин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, намозе, ки пас аз даромадан ба масҷид гузорида мешавад, “таҳияти масҷид” ном дорад ва равиши нияти он чунин аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози таҳияти масҷид, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар”. 2. Агар дар шаҳр иқомат дошта бошад, пас дар ин ҳолат азони масҷид кофӣ аст, вале беҳтар ин аст, ки қабл аз намоз азону иқомат гўяд, то ки ҷинну шайтон аз хона фирор кунанд ва файзу баракат ҳосил шавад. 3. Дар ҳолати рўза ғусл кардан дуруст аст, албатта эҳтиёт бояд кард, ки об аз роҳи даҳон ё бинӣ ба дохили бадан ворид нашавад. 4. Намози таҳаҷҷудро ба сурати дуракъатӣ ё чаҳорракъатӣ гузоридан дуруст аст. Вақти намози таҳаҷҷуд аз нисфи шаб то ҳангоми субҳи содиқ аст. Беҳтарин вақт барои намози таҳаҷҷуд нимаи охири шаб аст. Тариқаи суннат он аст, ки пас аз намози хуфтан бихобад ва дар охири шаб бархоста, намози таҳаҷҷудро ба ҷо оварад.

2023-04-19
895
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:43
Пешин12:40
Аср17:26
Шом19:31
Хуфтан21:01