Савол № 02884

Алҳол ман дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам ва сохтмони хонаи навинам ҳанўз ба анҷом нарасидааст. Оё дар пардохти закот хона ва мошин ҳисоб мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум. Алҳол ман дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам ва сохтмони хонаи навинам ҳанўз ба анҷом нарасидааст. Оё дар пардохти закот хона ва мошин ҳисоб мешавад?

Саволдиҳанда: Амин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо ба миқдори 32300 сомонӣ маблағи нақд ё ашё ба нияти тиҷорат дошта бошед, дар ин ҳолат пардохти закот бар шумо воҷиб мешавад. Аммо дар хонае, ки барои сукунат бошад ва мошине, ки мавриди истифода қарор дорад, закот воҷиб нест.

2023-07-13
998
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:17
Шом17:15
Хуфтан18:45