Савол № 02885
Дар таксӣ нишастам ва ба ронанда 50 сомонӣ додам. Ҳангоми фуруд омадан аз ў бақияи маблағро пурсидам. Ронанда бақияро дод. Баъдан дидам, ки ба ман 40 сомонӣ зиёд додааст. Дигар ўро наёфтам. Ин маблағи 40 сомониро чӣ кор бояд кунам?
Савол:
Ассалому алайкум. Дар таксӣ нишастам ва ба ронанда 50 сомонӣ додам. Ҳангоми фуруд омадан аз ў бақияи маблағро пурсидам. Ронанда бақияро дод. Баъдан дидам, ки ба ман 40 сомонӣ зиёд додааст. Дигар ўро наёфтам. Ин маблағи 40 сомониро чӣ кор бояд кунам?
Саволдиҳанда: Саидакбар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо то ҳадди имкон саъй кунед, ки соҳиби аслии он пайдо гардад. Агар пайдо шуд, хуб, вагарна онро дар ягон роҳи хайр садақа кунед.