Савол № 02886

Шавҳарам дар ҳолати қаҳру ғазаб мегўяд, ки “чор тарафат қибла, рав, хоҳӣ дигар шавҳар кун”. Ў ин гуна суханонро хеле зиёд гуфтааст. Бо гуфтани ин ҳарфҳо магар гунаҳгор мешавад? Ман чӣ кор кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Шавҳарам дар ҳолати қаҳру ғазаб мегўяд, ки “чор тарафат қибла, рав, хоҳӣ дигар шавҳар кун”. Ў ин гуна суханонро хеле зиёд гуфтааст. Бо гуфтани ин ҳарфҳо магар гунаҳгор мешавад? Ман чӣ кор кунам?

Саволдиҳанда: Шукрона

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, ин суханон аз қабили алфози киноя ҳастанд ва ба нияти шавҳар ё ҳолати музокараи талоқ вобастаанд. Агар шавҳари шумо ин суханонро пас аз талаби ҷавоб кардани шумо ба забон оварда ё ба нияти талоқ гуфта бошад, дар ин ҳолат шумо як талоқи боин шудаед. Бинобар ин, барои шумо таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр лозим аст.

2023-07-13
1265
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42