Савол № 02898
Дар ҳамин айём вақти намози бомдод аз соати 03:42 то 05:19 муайян шуда, дар масҷид соати 04:30 гузорида мешавад. Дар ҳамин ҳолат дар хона метавонем, ки намозро дар соати 04:00 ё 04:10 бигузорем?
Савол:

Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, вақти намози бомдод пас аз дамидани субҳ то тулуъи офтоб аст, чунонки дар ҷадвали намозҳо нишон дода шудааст. Агар касе намозро қабл аз вақти муайяншудаи масҷид гузорад, намозаш дуруст мешавад.