Савол № 00029

Агар аз гӯшу бинӣ ё чашм ягон намуд об барояд, таҳоратро мешиканад?

Савол:

Агар аз гӯшу бинӣ ё чашм ягон намуд об барояд, таҳоратро мешиканад? Адулманон аз Исфара.

Саволдиҳанда:Адулманон

Ҷавоб:

Обҳое, ки аз чашму гӯшу бинӣ ҳамроҳ бо дарду сӯзиш барояд, таҳоратро мешиканад, зеро дард нишонаи захм аст ва оби аз захм баромада таҳоратро мешиканад. Агар дар аснои баромадани он дарду сӯзиш мавҷуд набошад, таҳоратро намешиканад. Дар китоби «Раддул-муҳтор» роҷеъ ба ин масъала чунин меорад:

( كما ) لا ينقض ( لو خرج من أذنه ) ونحوها كعينه وثديه ( قيح ) ونحوه كصديد وماء سرة وعين  ( لا بوجع ) وإن خرج ( به ) أي بوجع ( نقض ) لأنه دليل الجرح.

«Агар аз гӯш, чашм ва ё сина зардоб ё рим бидуни дарду сӯзиш берун ояд, вузӯро намешиканад ва агар бо дарду сӯзиш барояд, вузӯро мешиканад».

(«Раддул-муҳтор», ҷ. 1, с.147).

2015-02-11
5614
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43