Савол № 02900

Вақте шавҳарам моро ба Русия овард, дигар наметавонем намозамонро гузорем, зеро шавҳар ба ин монеъ мешавад. Фарзандонам 10, 12 ва 14-сола ҳастанд. Гоҳе худам ба суханаш аҳамият надода намозамро мегузорам. Намедонам, ки гунаҳкор ҳастам ё на. Аммо фарзандон аз тарси падар наметавонанд. Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Савол:

Ман бо се фарзандам то вақте ки дар ватан будем, намоз мегузоридем. Вақте шавҳарам моро ба Русия овард, дигар наметавонем намозамонро гузорем, зеро шавҳар ба ин монеъ мешавад. Фарзандонам 10, 12 ва 14-сола ҳастанд. Гоҳе худам ба суханаш аҳамият надода намозамро мегузорам. Намедонам, ки гунаҳкор ҳастам ё на. Аммо фарзандон аз тарси падар наметавонанд. Ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?

Саволдиҳанда:Дилноза

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, шумо бо фарзандонатон намозро дар вақт гузоред, ба суханони шавҳар эътибор надиҳед. Шумо ҳаргиз гунаҳгор намешавед, зеро дар баробари итоати Холиқ ба махлуқ итоат кардан дуруст нест.

2023-09-26
747
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42