Савол № 02909

Домуллои азиз, мегуфтед, ки дар куҷои китоби Қуръон дар бораи намоз хондан қайд карда шудааст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу! Домуллои азиз, мегуфтед, ки дар куҷои китоби Қуръон дар бораи намоз хондан қайд карда шудааст?

Саволдиҳанда:Анвар

          

Ҷавоб:

Ваалейкумус- салом бародари азиз. Дар ояти 17-18 сураи «Рум» Худованди мутаъол мефармояд: «Аллоҳро ситоиш кунед ҳангоме ки шом бароятон фаро расад ва чун субҳ барояд! Ӯ дар осмон ва дар замин ситоиш дорад. Нимаи нисфирӯзӣ ва пас аз нисфирӯзӣ Ӯро ситоиш кунед!» Инчунин дар ояти 114–уми сураи «Ҳуд» Худованд мефармояд:

     «Ва намозро ду тарафи рӯз ва соате чанд аз шаб барпо дор; ҳамоно тоатҳо гуноҳонро дур мекунанд. Ин барои пандпазирон панде аст».

2023-11-16
976
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:39
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39