Савол № 00293

Домуллои муҳтарам, илтимос ба як масъала равшанӣ андозед. Баъди дуо даст ба рӯй молидан чӣ ҳукм дорад? Илтимос бо далелҳо посух гӯед?

Савол:

Домуллои муҳтарам, илтимос ба як масъала равшанӣ андозед. Баъди дуо даст ба рӯй молидан чӣ ҳукм дорад? Илтимос бо далелҳо посух гӯед? Худованд Шуморо ҳифз  кунад. Бо эҳтиром,

Саволдиҳанда:Ҳайдаралӣ, аз н. Рӯдакӣ.
 

Ҷавоб:

Баъди дуо ба рӯй молидани дастҳо суннат аст. Соиб ибни Язид (р) мегӯяд: “Расули Худо (с) вақте дуо мекарданд, дастҳояшро бардошта, баъдан ба рӯй мемолиданд”. (Имом Байҳақӣ).

Ҳазрати Умар (р) ривоят мекунад: “Расули Худо (с) вақте дуо мекард, дастҳояшро мебардошт ва то вақте рӯяшро намемолид, онҳоро поён намекард”.(Тирмизӣ).


 

2016-02-05
4494
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:39
Пешин12:40
Аср17:38
Шом19:37
Хуфтан21:07