Савол № 02931

Дар муддати зиндагӣ ду бор талоқ гуфтам, пас аз он домулло моро никоҳ карданд. Лекин ҳамсарам маро ва падару модарамро эҳтиром намекунад.

Савол:

Ассалому алайкум. Ман соҳиби се писар ҳастам. Бо ҳамсарам зиёда аз даҳ сол мешавад, ки зиндагӣ дорем. Дар муддати зиндагӣ ду бор талоқ гуфтам, пас аз он домулло моро никоҳ карданд. Лекин ҳамсарам маро ва падару модарамро эҳтиром намекунад. Айни ҳол нияти ҷудо шудан надорам, намехоҳам, ки фарзандонамро дар нимароҳ гузорам ва занамро бева кунам. Сахт дилшикаста ҳастам, вале сабр мекунам. Ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам. Дар ҳаққи ман дуо кунед, ки Худованд моро ҳидоят кунад.

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Шумо бо ҳамсаратон муомилаи нек дошта бошед, ҳаргиз фикри ҷудоӣ аз ўро накунед, зеро ин кор хилофи дастуроти Худованд ва Расули ўст. Гоҳо инсон ба имтиҳонҳои вазнини зиндагӣ мубтало мешавад, вале ба он таслим набояд шуд, баръакс муъмини комил бояд барои комёбӣ талош намояд, яъне сарпарастии зану фарзандро ба дўш дошта бошад. Барои ҳалли ин мушкили хонаводагӣ шумо китобҳоеро, ки дар мавзўъи масоили хонаводагӣ ба нашр расидаанд, мутолиа кунед ва дар ҳалли мушкили худ аз он истифода баред. Таваккул ба Парвардигор кунед ва илова бар ин, дар намозҳоятон, хусусан дар намози шаб барои ояндаи худ ва фарзандатон дуои нек кунед, Худованд шуморо комёб хоҳад гардонид. Худованд ба шумо ва аҳли хонадонатон тавфиқу комёбӣ ато фармояд.

2023-12-13
854
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42