Савол № 00294

Як шахс ба фарзандаш номи Муҳаммад гузоштааст, баъзе хешовандонаш гуфтаанд, ки ин ном ба писари Шумо вазнинӣ мекунад. Оё ин сухан дуруст аст ё не?

Савол:

Як шахс ба фарзандаш номи Муҳаммад гузоштааст, баъзе хешовандонаш гуфтаанд, ки ин ном ба писари Шумо вазнинӣ мекунад. Оё ин сухан дуруст аст ё не? Бо эҳтиром, бародари исломии Шумо, Шарифбек, аз Ҳисор.
 

Ҷавоб:

Номи зебо гузоштан ба фарзанд ин вазифаи ҳар як падару модар аст. Бояд ба фарзанд номе гузошта шавад, ки дар оянда аз номи худ ҳаё накунад, балки ифтихор дошта бошад. Пайғамбари Худо (с) фармуданд: “Дар рӯзи қиёмат банда ба номаш нидо карда мешавад”. (Абӯдовуд). Ақидаи нафароне, ки мегӯянд, ин ном ба фарзанд вазнинӣ мекунад, асоси воқеъӣ ва шаръӣ надорад. Ин ном муборак аст ва дар ҳадис низ омадааст: “Фарзандҳоятонро бо номи Пайғамбар (с) ном бигзоред”. Дар ҳадиси дигар чунин омадааст: “Маҳбубтарин ном дар назди Худованд Абдуллоҳ ва Абдураҳмон аст”. (Бухорӣ).

2016-02-05
4074
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:29
Пешин12:40
Аср16:24
Шом18:23
Хуфтан19:53