Савол № 02952

Агар зан бисёр ҳайз бинад, баъд чи гуна намоз мегузорад. Масалан, дувоздаҳ рўз намоз мегузорад, баъд ҳайз мебинад. Дар ин ҳолат намозро давом додан мумкин аст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Агар зан бисёр ҳайз бинад, баъд чи гуна намоз мегузорад. Масалан, дувоздаҳ рўз намоз мегузорад, баъд ҳайз мебинад. Дар ин ҳолат намозро давом додан мумкин аст?

Манижа

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, дар ҳолати ҳайз гузоридани намоз ва рўза гирифтан манъ аст. Он чи дар табиати шумо мушоҳида мешавад, пас аз дувоздаҳ рўз омадани хун ҳайз нест, балки хуни истиҳоза аст. Ҳукмаш чунин аст, ки намозатро мегузорӣ ва рўза медорӣ. Агар ҷараёни хун баъд аз понздаҳ рўз бошад, он хуни ҳайз аст, ки ҳукмашро зикр кардем.

2024-02-20
681
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42