Савол № 02961

Нияти намози таровеҳ ва намози ҷумъа чигуна аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Нияти намози таровеҳ ва намози ҷумъа чигуна аст?

Меҳроб

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, нияти намози таровеҳ чунин аст: «Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар». Намози ҷумъа чунин ният карда мешавад: «Ният кардам соқит гардонам фаризаи ин вақтро бо адои ду ракъат намози ҷумъа, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар».

2024-03-14
1337
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42