Савол № 02967
Мусулмоне, ки рӯзаро дар як кишвар оғоз карда, баъд ба кишвари дигар рафта бошад, дар сурати дар байни кишварҳо фарқияти вақт вуҷуд доштан, (яъне як рӯз пеш ё баъд шурӯъ шудани моҳи Рамазон) кай бояд ид кунад?
Савол:

Ҷавоб:
Дар ҳар кишваре, ки зиндагӣ кунад, ба суханони уламои ҳамон кишвар амал мекунад. Дар ин сурат бояд давомнокии рўза аз 29 рўз кам нашавад ва аз 30 рўз зиёд нашавад.
2024-03-20
734